Пайвандҳои дастрасӣ

Русия содироти шакарро аз Тоҷикистон оғоз мекунад


Русия баъд аз 12 соли таваққуф дубора ба содироти шакар шурӯъ мекунад. Раиси Иттиҳодияи қаннодони Русия Андрей Бодин гуфт, нахустин қарордодҳои содироти шакар бо Тоҷикистон ва Қирғизистон имзо шудаанд ва Русия метавонад то поёни сол ба хориҷ то 400 000 тонна шакар бифурӯшад. Русия ҳанӯз дар соли 2000 ба иллати коҳиш ёфтани тавлидоташ содироти шакарро бас кард. Андрей Бодин гуфт, ҳосили фаровони лаблабу дасти Русия барои содироти шакарро дубора дароз кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG