Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи саркӯбсозиҳои мухолифин дар Сурия


Нерӯҳои амниятии Сурия дар бархе мавзеъҳо амалиёт алайҳи намоишгарони талабгори истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро доир намуданд.

Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, бар асари ин гуна амалиёт дар шаҳри Сарамин, воқеъ дар шимоли Сурия, панҷ кас кушта ва тақрибан 60 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар мавзеъи Каре, воқеъ дар канори Димишқ, як намоишгар ба ҳалокат расид.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки тонку зиреҳпӯшҳо шаҳри Растон, воқеъ дар маркази Сурияро, иҳота кардаанд.

Ба иттилоъи СММ, бар асари саркӯбсозии намоишҳои осоишта дар Сурия то имрӯз беш аз ду ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG