Пайвандҳои дастрасӣ

Солеҳ барои баргузории интихобот изҳори омодагӣ кард


Алӣ Абдулло Солеҳ, раисиҷумҳури Яман, бори дигар омодагияш барои ба зудӣ доир намудани интихоботи раёсатҷумҳуриро иброз дошт. Ва аммо дар изҳороти Солеҳ, ки аз сӯи хабаргузории расмии давлатӣ нашр гардид, санаи баргузории интихобот мушаххас нашудааст.

Сарвари Яман, ки эътирозгарон хостори истеъфои ӯянд, то ҳол дар Арабистони саудӣ захмҳои бар асари ҳамла дар моҳи июн бардоштаашро табобат мекунад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷануби Яман набардҳо миёни низомиён ва мусаллаҳони гурӯҳҳои исломӣ идома дорад. Бар пояи хабарҳо, фақат рӯзи гузашта дар задухӯрдҳо даҳ низомӣ ва беш аз 20 мухолифини ҳукумат ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG