Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Бонки марказии Аврупо ба пуштибонии сареи Юнон даъват кард


Президенти Бонки марказии Аврупо Жан-Клод Трише имрӯз ба иқдоми сареъ дар амри кӯмак ба иқтисоди Юнон даъват кард. Зимни суханрониаш дар Кумитаи умури иқтисодии парлумони Аврупо Трише аз ҳукуматҳои таҳти нуфузи Евро даъват кард, ки созишномаи рӯзи 21 июл имзошударо, ки тақдими бастаи дуюми кӯмакҳои пулиро дар назар мегирад, базудӣ иҷро кунанд. Трише инчунин гуфт, ки иқтисоди давлатҳои таҳти нуфузи Евро заъифтар шудааст:

“Мо ҳамоно мебинем, ки иқтисоди минтақаи таҳти нуфузи Евро начандон фаъол рушд мекунад. Айни замон, бо сабаби танишҳои нав дар бозорҳои молӣ, номуайянӣ ҳанӯз ҳам дар сатҳи боло боқӣ мемонад”.

Дар шароити 0,8 дар сад афзудани нишондодҳои иқтисодӣ дар чоряки аввали соли ҷорӣ, дар чор моҳи дуюми имсол рушди иқтисод дар тамоми 17 кишвари таҳти нуфузи Евро танҳо 0,2 дар сад пешрафт кардааст.
XS
SM
MD
LG