Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳомоти зидди Точиро додситони амрикоӣ таҳқиқ мекунад


Клинт Уиллиамсон

Як ҳайати Иттиҳодияи Аврупо мавсум ба “Ҳукумати қонун” як додситони амрикоиро масъули таҳқиқи иттиҳомоти марбут ба иртиботи нахуствазири Косово Ҳошим Точӣ ва дигар раҳбарони баландпояи ин кишвар бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи аъзои бадани инсон таъйин кард. Гурӯҳи мазкур (EULEX) мегӯяд, ки Ҷон Клинт Уиллиамсон ба мақоми муфаттиши калони гурӯҳи махсуси тафтишотӣ таъйин шуд. Иттиҳомоти марбут ба даст доштани Точӣ дар ин ҷиноят асосан аз гузориши Дик Марти, собиқ додситони Швейцария бармеояд, ки мегӯяд, дар солҳои ҷанги 1998-1999-и Косово Точӣ ба унвони фармондеҳи артиши озодихоҳи Косово даст ба тиҷорати сиёҳи аъзои бадани сербҳои ба гаравгирифташуда задааст. Уилямсон мушовири масоили ҳуқуқи байналмилалии дабири куллии СММ мебошад. Вай инчунин ба унвони узви трибунали низомии Югославияи собиқ ҳам кор кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG