Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев бо рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ мувофиқат кард


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев имрӯз қарореро имзо кард, ки тибқи он интихоботи Думаи давлатии Русия – палатаи поёнии парлумони ин кишвар ба рӯзи 4 декабр таъйин шудааст. Дар Русия ҳафт ҳизби сабтиномшудаи сиёсӣ амал мекунанд ва то имрӯз ҳамаи онҳо барои ширкат дар интихобот изҳори омодагӣ нишон доданд. Ҳизби “Русияи воҳиди” нахуствазир Владимир Путин ният дорад ҳамоно аксари 450 курсии парлумонро таҳти назорат бигирад. Анҷумаи солонаи ин ҳизб 23-24 сентябри имсол дар Маскав дар назар гирифта шудааст. Қарор аст, баъди се моҳи интихоботи парлумонӣ интихоботи раёсатҷумҳурӣ барпо шавад.
XS
SM
MD
LG