Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоомас Ҳендрик Илвез дубора президенти Эстония шуд


Имрӯз парлумони Эстония Тоомас Ҳендрик Илвезро ба мӯҳлати навбатии панҷсола ба мақоми президенти кишвар интихоб кард. Илвези 57-сола бо 73 раъй бар рақиби аслии худ – вакили парлумони Аврупо Индрек Таранд, ки 25 овозро соҳиб шуд, пирӯз гардид. Мақоми президентӣ дар Эстония бештар ифтихорӣ аст, вале салоҳияти мисли пароканда кардани парлумон ва даъвати интихоботҳои нав аз ҳуқуқи муҳими президент маҳсуб мешаванд.
XS
SM
MD
LG