Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В.Иванов: "Марзбонони рус бояд ба Тоҷикистон баргарданд"


Раиси хадамоти зидди маводи мухаддири Русия гуфт, ки марзбонони кишвараш бояд ба назорати марзи Тоҷикистону Афғонистон баргарданд. Виктор Иванов имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Маскав чун далели гуфтаҳояш изҳор кард, ки замони таҳти назари марзбонони рус қарор доштани сарҳади Тоҷикистону Афғонистон соле то панҷ тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира мешуд, “аммо ҳоло соле то 200 килограмм нашъа боздошт мешавад”, гуфт вай. Иванов гуфт, ки бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон як масъалаи сиёсӣ аст, ки бояд дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ва бар пояи созишномае ҳал шавад. Марзбонони рус соли 2005 назорати сарҳади Афғонистонро дар ихтиёри ҳамтоёни тоҷикашон вогузор карданд. Иванов имрӯз инчунин гуфт, ки Русия ният дорад барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳаҷми кӯмакҳои молиашро афзоиш диҳад.
XS
SM
MD
LG