Пайвандҳои дастрасӣ

Амниятиҳои Сурия дар атрофи Растан мустақар мешаванд


Фаъолони суриягӣ гуфтанд, нирӯҳои амниятӣ дар атрофи шаҳри марказии Растан, ки маҳалли эътирозҳои зиддиҳукуматии режими Башор Асад будааст, мустақар мешаванд. Фаъолон мегӯянд, ки аз он маҳал садои тирандозиҳои шадид ба гӯш расида, сокинон аз тарси ҳуҷуми амниятиҳо шаҳрро тарк мекунанд. Дар паи саркӯби эътирозҳои зиддиҳукуматӣ дар Сурия аз моҳи март ба ин сӯ беш аз 2200 нафар кушта шуданд. Раҳбарони аврупоиву амрикоӣ аз Асад талаб доранд, ки ба истеъфо равад. Дар як изҳороти шадидлаҳнаш нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, замоне шарики наздики Сурия, Асадро ҳушдор дод, ки ӯро сарнавишти раҳбарони Тунису Мисру Либия интизор аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG