Пайвандҳои дастрасӣ

Обама гуфт, хатари тӯфон кам нашудааст


Ню-Йорк

Ню-Йорк

Президенти Амрико Барак Обама гуфт, ки шиддати тӯфони офатбори Айрин ҳарчанд заъифтар шудааст, вале ҳамоно хатарзо боқӣ мемонад. Вай гуфт, ки хатари обхезӣ ва харобшавии низоми барқдиҳӣ по бар ҷост. Вай гуфт:

“Ҳарчанд тӯфон заъифтар шуда гӯё ба самти шимол ҳаракат мекунад, ҳамоно хатарнок буда, эҳтимоли боронгариҳои шадид хеле зиёд аст. Амрикоиҳои зиёд ҳамоно бо хатари харобшавии ҷараёни интиқоли нирӯи барқ ва обхезиҳо рӯбарӯ буда дар паи берун шудани об аз соҳилҳо, эҳтимолан вазъ дар рӯзҳои наздик боз бадтар шавад”.

Назар ба пешбиниҳо, аксари минтақаҳои таҳти таъсири тӯфон, аз ҷумла шаҳри Ню-Йорк бо хисороти камтар аз шиддати ин офати табиӣ эмин монданд. То имрӯз 15 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сеюним миллион хонавода бе нирӯи барқ мондаанд.
XS
SM
MD
LG