Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иддае аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, моҳҳо боз наметавонанд маоши худро дарёфт бикунанд.

Як хабарнигори радиои "Имрӯз" мегӯяд, ӯ ва се ҳамкораш ба далели нагирифтани маоши чанд моҳи охирашон корро дар ин расона қатъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба мушкилоти молӣ баъзе аз нашрияҳо наметавонанд маоши кормандонро саривақт бидиҳанд ва замонате ҳам нест, ки дар ҳоли аз кор рафтан хабарнигор оё метавонад маоши худро комилан ба даст биёрад ё на.

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар коргоҳҳо кам нест, аммо хабаранигорон дар қиболи ин гуна ҳолатҳо ҳамеша сукутро ихтиёр мекунанд. Фазлиддин Хоҷаев, сардабири торнамои "Тоҷнюс" мегӯяд, хабарнигорони тоҷик дар чунин ҳолатҳо мавқеи хотирбиниро мегиранд, зеро агар эътирози худро нишон диҳанд, пас, дар оянда барои онҳо ёфтани кор имконнопазир хоҳад шуд.

Фазлиддин Хоҷаев
"Ду соли охир хабарнигороне буданд, ки дар алоҳидагӣ ва бо усулҳои хос эътироз карда буданд, аммо хабарнигорони мо, ки одати шарқиёна доранд, хотирбиниро ҳамеша дар авлавият қарор медиҳанд. Вале ин падидаи бад аст, вақте аз худат дифоъ накунӣ",-афзуд ӯ.

Нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ҳам дар корхонаҳои хусусӣ ва ҳам расмӣ мушоҳида мешавад. Аҳлиддин, як хабарнигори ҷавон, мегӯяд, нобоварӣ ба адолати додгоҳӣ ва эҳтимоли сард шудани муносибати расонаҳои дигар ба хабарнигор, далели аслии аз баҳсҳои додгоҳӣ канораҷӯӣ кардани хабарнигор аст.

Ӯ мегӯяд, қаблан дар як пойгоҳи хабарии маҳаллӣ кор мекард, аммо азбаски музд каму кор бисёр буд, ӯ маҷбур шудааст, корро тарк кунад.

Соли гузашта Заррина Абдулвоҳидова, хабарнигори Радиои Тоҷикистон низ ба далели он ки маоши рӯзҳои кории иловагии ӯро пардохт накардаанд, ба додгоҳ муроҷиат кард ва додгоҳ ӯро ҳақ донист.

Заррина Абдулвоҳидова мегӯяд, агарчӣ то ба ҳол корхона маоши иловагии ӯро пардохт накардааст, вале ӯ то охир истодагарӣ мекунад ва мунтазир аст, ки рӯзе ҳаққи худро боз хоҳад гирифт. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик, мегӯяд, хабарнигорон мардуми пешсафи ҷомеа ҳастанд ва дар роҳи дифоъ аз ҳуқуқи худ бояд ба дигарон намуна бошанд.

Абуалӣ Некрӯзов, хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯяд, омили аслии сукути хабарнигорон дар баробари нақзи ҳуқуқи онҳо ин аст, ки онҳо тавони молии нашрияҳоро медонанд ва дарк мекунанд, ки нақзи ҳуқуқ барқасдона сурат намегирад. Аммо ба гуфтаи ӯ дар бисёр ҳолатҳо наҷобати хабарнигорон сӯистифода мешавад.

Вай гуфт: "Вақте як хабарнигор ба додгоҳ шикоят мекунад, ҳамон додгоҳ низ мебинад, ки ин расона ё ҳафтанома моли кӣ аст. Яъне дар зери сояи кӣ аст. Агар нафари мансабдор бошад, даъвои хабарнигор дар ҳаво муааллақ мемонад."

Абӯалӣ мегӯяд, бемавқеӣ ва беҷуръатӣ дар қиболи нақзи ҳуқуқҳои хеш ояндаи журналистикаро дар Тоҷикистон ба зери соя мекашад. Афзун бар ин, вақте хабарнигор барои ҳимояи ҳуқуқҳои хеш ташаббус нишон намедиҳад, пас, ӯ чӣ гуна метавонад бо навиштаҳои хеш дар афкори ҷомеа ва ҳалли мушкилоту нуқсонҳои ҷомеа таъсиргузор бошад?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG