Пайвандҳои дастрасӣ

Гурзандози тоҷик ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Куриёи Ҷанубӣ роҳ ёфт.

Дилшод гурзро ба масофаи 76 метру 93 сантиметр ҳаво дод ва дар сабқати интихобӣ миёни 35 варзишгар аз 27 кишвари ҷаҳон мақоми шашумро касб кард. Ин натиҷа ба ӯ имкон дод, ки ба ҳаққи ширкат дар сабқати ниҳоӣ мушарраф шавад.

Коҷӣ Мурофишии ҷопонӣ дар сабқати пешакӣ бо натиҷаи 78 метру 56 сантиметр дар мақоми аввал қарор гирифт. Павел Кривитски (Белорус) бо натиҷаи 78 метру 16 сантиметр дуввум ва Маркус Эссери олмонӣ бо натиҷаи 77 метру 60 сантиметр севум шуданд.

Криштиан Парс (Маҷористон) бо натиҷаи 77 метру 21 сантиметр дар ҷои чаҳорум ва Саймон Зиалковски (Лаҳистон) бо натиҷаи 77 метру 19 сантиметр дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

Инчунин шаш нафари дигар – Юрий Шайнов (Белорус, 76,74), Никола Виззони (Италия, 76,74), Олли-Пекка Карҷалайнен (Финляндия, 76,60), Примус Козмус (Словакия, 76,54), Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 76,10) ва Кирилл Иконников (Русия, 75,36) ба сабқати ниҳоӣ, ки 29-уми август баргузор мешавад, роҳ ёфтаанд.

Вале намояндаи дигари Тоҷикистон – Владислава Овчаренко дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 12,24 сония миёни 55 нафар дар ҷойи 45-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар сабқати интихобӣ Ивет Лалова (Булғористон) ва Блессинг Окагбаре (Нигерия) натиҷаи беҳтарин – 11,10 сония нишон доданд.

Дар сабқати ниманиҳоӣ 24 варзишгар ширкат меварзанд ва 12 нафарашон ба финал мебароянд. Сабқати ниҳоӣ дар давидан ба масофаи 100 метр миёни занон имрӯз, 29-уми август, баргузор мешавад.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Кения бо 6 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал мебошад. Мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо 4 медал (2тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи дуввум ва дастаи Русия бо 3 медал (1 тилло ва 2 нуқра) дар ҷойи севум қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG