Пайвандҳои дастрасӣ

Обама аз имкони харобкориҳои нави "Айрин" ҳушдор дод


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки "бо вуҷуди ба сӯи шимол ҳаракат кардан тӯфони "Айрин" хатарзо боқӣ мемонад ва боиси боронгариҳои шадид мешавад". Амрикоиҳои зиёде, ба гуфтаи ӯ, бидуни нерӯи барқ ва дар минтақаҳои аз обхезӣ осебдида хоҳанд монд.

Ба иттилоъи мақомоти ИМА, дар соҳилҳои шарқии кишвар бар асари харобкориҳои тӯфони “Айрин” севу ним миллион манзил аз нерӯи барқ маҳрум шудааст. Дар ин офати табиӣ 15 сокини аёлатҳои Каролинаи шимолӣ ва Вирҷиния ҷон бохтаанд. Дар аёлати Мэриленд реактори ҳастаӣ осеб дид ва аммо хабари хурӯҷи радиатсия мавҷуд нест.

Мири Ню-Йорк Майкл Блумберг изҳор намуд, ки хатари ҷиддӣ барои шаҳр рафъ гардид. Мақомоти тақрибан 350 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. То ҳанӯз дар Ню-Йорк фурудгоҳҳо кор намекунанд ва баъзе хиёбонҳои канори соҳил зери об мондаанд.

Нерӯи тӯфони “Айрин” заъйиф шудааст ва он сӯи Канада ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG