Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби ҳукмрони Ҷопон раиси навро интихоб мекунад


Наото Кан, раиси собиқи ҳизби демократи Ҷопон

Наото Кан, раиси собиқи ҳизби демократи Ҷопон

Дар Ҷопон Ҳизби ҳукмрони демократӣ раиси нави худро интихоб мекунад, ки ӯ ҷойгузини сарвазир Наото Кан хоҳад шуд. Наото Кан чанд рӯз пеш аз мақомаш истеъфо дод.

Панҷ нафар довталабони аслии курсии раиси ҳизб маҳсуб мешаванд ва аммо ду нафар – вазири иқтисод Бандрӣ Каиэду ва собиқ вазири умури хориҷӣ Сэйдзи Маэҳара барои пирӯзӣ шонсҳои бештар доранд.

Нозирон ҳадс мезананд, ки дар даври аввал ба нафаре аз номзадҳо пирӯзӣ муяссар нахоҳад шуд ва раиси ҳизб дар даври дуввум интихоб мешавад.
XS
SM
MD
LG