Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошӯбгаронро Ал-Мигроҳиро таслим карданӣ нестанд


Абдулбасит ал-Мигроҳӣ
Абдулбасит ал-Мигроҳӣ
Ошӯбгарони Либия эълом доштанд, ки Абдулбасит ал-Мигроҳиро ба Бритониё нахоҳанд дод. Ин шаҳрванди Либия қаблан аз сӯи додгоҳи Бритониё дар ташкили инфиҷори ҳавопаймои мусофирбар дар ҳарими шаҳраки Локербии Шотландия дар соли 1988 айбдор шуда буд.

Муҳаммад ал-Алағӣ, вазири адлияи Шӯрои миллии гузори ошӯбгарон изҳор намуд, ки мақомоти нав шаҳрвандони худро ба дигар кишварҳо таслим карданӣ нестанд. Ба гуфтаи ӯ, ал-Мигроҳӣ барои ҷинояташ аллакай муҷозот шудааст.

Ду сол пеш ҳукумати Шотландия ал-Мигроҳиро бо далели он ки ба маризии марговар мутбало шудааст, аз маҳбас раҳо карданд. Гурӯҳи сенаторҳои ИМА ахиран аз Шӯрои милли гузор дархост намуд, ки ал-Мигроҳиро дубора ба Бритониё истирор кунад, то ӯ дубора мавриди муҳокимаи додгоҳ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG