Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз осмони Тоҷикистон софу беғубор хоҳад буд


Марказҳои ҳавошиносӣ хабар медиҳанд, ки смони шаҳри Душанбе софу беғубор хоҳад буд ва рӯзона 19 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳам ҳавои соф дар назар аст, ҳарорати ҳаво назар ба пойтахт салқинтар – аз 16 то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа низ ҳаво офтобӣ мешавад ва ҳарорати ҳаво то 28 дараҷа болои сифр қарор мегирад.

Дар шаҳри Хоруғ рӯзона ҳаво софу беғубор мешавад ва аммо шом борон меборад. Рӯзона то 25 ва шомгоҳон 20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ ҳам ҳавои соф дар назар аст ва то 26 дараҷа гарм мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG