Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии нерӯҳои Сурия бо фирориёни артиш


Сокинони маҳаллаҳои шимолушарқи шаҳри Димишқ гуфтаанд, шаби гузашта миёни нерӯҳои давлатӣ ва фирориёни артиш даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли онҳо менависад, вақте нерӯҳои давлатӣ ба сӯи тазоҳургарон дар маҳаллаи Ҳараста тир андохтаанд, гурӯҳе аз сарбозон аз онҳо ҷудо шуда ва дар боғе камин гирифтаанд ва сипас ба сӯи нерӯҳои давлатӣ тир андохтаанд. Фаъолони сиёсии Сурия дар гузашта доир ба фирори сарбозон аз артиш мегуфтанд, вале ҳукумат ин иддаъоҳоро рад мекард. Гузоришҳо доир ба ҷанги миёни нерӯҳои давлатӣ ва фирориёни артиш дар ҳоле нашр мешавад, ки қарор аст, Нобил ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб бо пешниҳоди роҳҳали бӯҳрони сиёсӣ ба Сурия сафар кунад. Аз моҳи март инҷониб гурӯҳҳои бузурги мардуми Сурия алайҳи ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад тазоҳурот мекунанд ва зимни саркӯби ин тазоҳурот бештар аз 2 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG