Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷанг буду шудамро бар бод дод»


Ман Меҳрбону Қодирова сокини 73 солаи ноҳияи Куйбишев, ҳоло Абдураҳмони Ҷоми,бознишаста.

Ҳар сол, вақте ҷашни истиқлол наздик мешавад, дар дили ман хотироти махшуше аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мисли оташпораи зери хокистар шуъла мезанад ва мағзу устухонамро ба сӯзиш меорад ва мегирям.

Гиряи ман ҳам шодӣ дораду ҳам андӯҳ. Гиряҳоям аслан олудаи шукронаанд,ки ба сулҳу созиш расидем, ниҳоят ва фарзандону набераҳоям ҳарчанд солҳост, ки аз ман дуранд ва дар ҷустутҷуи нон дар Русия мардикорӣ мекунанд, вале ба ҳар сурат дилам осудааст, ки зиндаву саломатанд ва соле як бор ҳам бошад, чашмони раҳпои ман ба дидорашон рӯшан мешавад.

Эҳтимол ин қиссаи маро хонда, бисёр касон, хусусан онҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Хатлон мезистанд, гӯянд, ки «магар рӯзи мо камтар сиёҳ аз рӯзи ту буд он солҳо?» Дуруст аст албатта, лекин рузи сахт ва андӯҳи дил бо гуфтан кам мешавад. Ба ҳамин хотир мехоҳам аз рӯзҳои сахти дидаам ба дигарон қисса кунам.

Тирамоҳи соли 1992 буду ҳар рӯз хабари ҷанг ва куштору сӯхтори манзили одамону корхонахо ба гӯши мо мерасиду дилҳоямонро мефишурд. Вале шахсан худи ман ҳеҷ бовар надоштам, ки алангаи он оташ ба ҳадде сӯзанда бошад, ки хонумон ва ҳатто ҷони мо, мардуми бегуноҳро ба хокистар табдил диҳад.

Ман зани танҳо ҳам бошам шукронаи худо, ки бо меҳнати ҳалолам молу ҳоли бисёре ҷамъ карда будам. Чунки 9 фарзанд дорам.

Яке аз рӯзҳо қадами нопоки ҷангҷуён ба деҳаи мо расид ва чандин хонаи мардумро ғорат кардаву оташ заданд. Ман фарзандонамро ба ҳар куҷо фиристодаму худам манзиламро тарк кардан нахостам. Вале фарзандонам бо гиряву нола маҷбурам карданд, ки ман ҳам сарамро гирифта баромада ба Душанбе равам.

Панҷ духтари баркамолу панҷ сандуқи пур аз ҷиҳоз,7 ҳуҷраи пур аз молу ашё. 10 сар гӯсфанду 3 гови зотии ҷӯшоӣ. Дарро ба рӯи ҳамаи дороии тамоми умр бо нӯги сӯзан ва зарби каланд ҷамъ кардаам пӯшидаву аз чанде ҳамсояҳоям, ки бино ба доштани хешу ақрабои қумандону саркарда тарсу ташвише надоштанд, супоридаму бо ашки шашқатор деҳаи азизамро тарк кардам.

Дар Душанбе, дар хонаи хешовандон чанде зиндагӣ кардему бо андак паст шудани шиддати ҷанг дигар тоқат накарда ба деҳаам баргаштам.

Эй кош барнамегаштаму намедидаму намесӯхтам. Ҳавливу хона, оғилу анборхонаву таҳхона ҳама холӣ. Аз дороии ман танҳо чаҳор девори хонаву дару тирезаҳои шикаста боқӣ монда буду халос. Баъдтар фаҳмидам,ки хонаи моро аввал як гурӯҳи силоҳдорон ва боқиашро ҳамсояҳои худамон ғорат кардаанд.

Мол ширин гуфтаанд. Пироҳану сарбанд ва ҷӯробҳои пашмини помирибофти духтаронамро дар тани духтарони ҳамсояҳо медидаму дарун-дарун месӯхтам, вале аз тарс чизе намегуфтам. Бо азобе як миқдор ашёи хонаамро ҳамсояҳои «хонабонам» пас гардонданд. Вале гову гӯсфандонамро надоданд. Онҳо ки баргаштани маро ҳеҷ интизор надоштанд, говҳои ҷӯшоии маро дар оғилҳояшон қулф зада, аз чашми ман пинҳон медоштанд. Ҳамаи молу ҳолам як сӯ шуду ҳамон гови зотии алоям, ки номашро «Хушру» гузошта будам, як сӯ шуд бароям. Хеле дӯсташ медоштам. Чунки модараш вафот карду ӯро аз хурдиаш мисли кӯдак шир дода калон карда будам.

Хушрӯи ман дар як шабонарӯз то 20 литр шир медод. Вай ба чандин кӯдакони ҳамсояҳоямон ба истилоҳ ҳаққи модарӣ дошт. Бисёр гови зирак буд. Ёдам меояд, агар рӯзе димоғам сӯхта бошаду асабонӣ барои ҷӯшиданаш равам, дуру дароз ба тарафам нигоҳ мекарду сарашро ба бағалам медаровард. Агар вақтам хуш бошаду сурудеро замзамакунон наздаш равам, гарданашро баланд бардошта хотирҷамъона нухшоркунон пешвозам мегирифт. Мабод ба ягон ҷо меҳмонӣ раваму як ё ду рӯз пас биёям, хушнудона пойзанону гарданафрозон истиқболам мегирифт.

Баъди баргаштан аз гурезагӣ ба дари чанд идора ва хонаи раисону роҳбарон рафтам, то ҳеҷ набошад гову гусфандҳоямро баргардонанд, касе ба додам нарасид. Ҳамаашон мегуфтанд, ки чаро хонаатро партофта рафтӣ. Бояд намерафтӣ. Гуфтам, охир намерафтам шояд мекуштандам. Э ҳа ба кӣ мегӯӣ. Ҳамааашон ба ман,ки 40 сол бештар дар ин деҳа зиндагӣ кардаам, мисли як одами бегона ва ё аз сайёраи дигар омада нигоҳ мекарданду китф дарҳам мекашиданд. Ман медонистам ки гову моли маро кадоме аз ҳамдеҳагонам аз худ кардаанду ба лаб кулӯх молидаанд. Лекин метарсидам, ки даъво кунам.

Як рӯз гузорам ба атрофи хонаи ҳамон ҳамдеҳаи говдуздам афтод. Ва ман дар сари кӯча истода, бо як зани дигари ҳамдеҳаам, ки каме гӯшаш вазнин буд, баланд-баланд сӯҳбат мекардам. Ҳамин вақт овози маро Хушрӯ шунида шинохтааст, ки аз даруни оғили ҳамсоя ба баъоскунӣ сар кард. Ман ҳам садояшро шинохтам ва дар ҳоле ки гӯё фарзанди роҳдурамро баъди ҷудоиҳои тулонӣ дида бошам, дилгумак задам ва саросема ба ҳавлии ҳамсоя даромада, ба оғил наздик шудам. Дар хонаи ҳамсоя ба ғайр аз ду кӯдак касе аз калонсолон набуд. Дари оғил аз берун қулф зада шуда буд. Ман калидро аз яке кӯдакон хостам, ки давида онро овард ва гуфт «Очаи Ҷамшед, падарам ду гову панҷ гӯсфандатонро бурда фурӯхт. Ин говатонро ҳам фурӯхтанӣ аст».

Ман дари оғилро кушода будам, ки Хушрӯ сарашро ба бағалам андохт ва баръало дидам ки ҳарду чашмони сиёҳу калонаш пуроб шуданд. Вай бо як нигоҳи аҷиби сухангӯ ба ман нигоҳ мекард ва беист ба замин пой мезад, ки зудтар ӯро барам аз ин ҷо. Ман говакамро аз мех кушодаму ҷониби хона равон шудам.

Ба хона расам нарасам, ки зани ҳамсояам расиду доду фарёд бардошт, ки ин қадар вақт гови маро хӯрок додааст ва намегузорад, ки ҳамин тавр пас бигирам онро. Ман ки бо нармӣ мегуфтам, раҳмат ҳамсоя, ки гови маро гирифта, нигоҳубин кардӣ. Ман ҳақмуздашро ҳатман медиҳам, лекин зани ҳамсоя ба ҳарфи ман гӯш надода ба Хушрӯ наздик шуда хост ба шохаш чанг занад, ки ҳамин вақт Хушрӯ занро дар миёни ду шохаш бардошта дур партофт ва як садои пурхашме бароварда чашмонашро ало карда, бо ғазаб ба замин пой кӯфтан гирифт. Зан саросема аз ҷой хеста бо рангу рӯи парида, бе ягон ҳарф аз ҳавлии мо бурун рафт. Ман дар тарс будам, ки мабодо зани ҳамсоя шавҳарашро ба сарам бифиристад, вале чунин накард. Хушрӯи ман бо ин кори худ ба баҳси ману ҳамсоя нуқта гузошт.

Ана ҳамин тавр, як ҳайвони безабон тавонист, обро ба лаби ҷӯй баробар кунаду аз ҳаққи ману худаш то ҷое метавонист дифоъ кунад. Акнун аз тамоми дороии ба панҷаи бод рафтаам ман танҳо Хушрӯро доштам, ки шиками кӯдаконамро сер мекарду ҳар сол насл медод. Ва оҳиста-оҳиста ҳаққу ҳамсояҳои дигар ҳам ба манзилҳои вайрону валангорашон баргаштанду зиндагӣ дар деҳаи хурдакак, вале замоне ободу хуррами мо аз нав ҳолу ҳаво гирифт.

Ҳарчанд ман ҳамсояҳои номеҳрубонамро дуои бад накардам, чунки «марги бисёрӣ тӯй» гуфтаанд гузаштагонамон. Ман худро бо ҳамин як маъни таскин медодам, ки шояд дар насибу тақдири мо ҳамин гуна парешониҳо будааст. Вале моли кас ба кас насиб намекунад, гуфтаанд. Ману ҳамсояҳои дигар баъдҳо шоҳид будем, ки ҳамсояҳое, ки молу ҳоли моро аз худ кардаву шавҳару писаронашон ба рӯй ниқоб кашида, шабҳо ба хонаи мардум даромада, ғорат карда буданд ва ё одамони бегуноҳро паси пардаи маҳалагароӣ пеш-пеши автомат маҷбур карданд, ки ҳатто ба он сӯи дарёи Панҷ гурезанд, худашон дар солҳои оромиву осоиштагӣ ба чандин шикасту рехтҳои гӯшношунид ва ғаму андӯҳҳои беандоза гирифтор шуданд.

Ҳоло сад бор шукри Худои меҳрубон, ки аз ҳеҷ чиз камӣ надорем. Фарзандонро хонадор кардам. Вале тули ҳама ин солҳои оромӣ аввалину охирин дуое ки болои ҷойнамоз мекунам, ҳамин аст, ки дигар он рӯзҳои бадро нишонамон надиҳад. Омин!

Меҳрбону Қодирова, сокини ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Масъули бахш Сафаргул Олимӣ.
XS
SM
MD
LG