Пайвандҳои дастрасӣ

Роза Отунбоева: "Интихобот тафриқа барнамеангезад"


Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури Қирғизистон, мегӯяд, интихоботи раёсати ҷумҳурии оянда боиси тафриқа дар миёни мардуми кишвараш нахоҳад шуд. Ӯ рӯзи ҷумъа ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “Қирғизистон дорои заковати ақлонӣ ва фарҳанги сиёсиву таҷрибаи кофӣ аст ва метавонад ба ҳар гуна ҷудоиандозии минтақавӣ роҳ надиҳад.” Роза Отунбоева афзуд: "Бо муроҷиат ба онҳое, ки ҷудоиву аз байн рафтани моро пешбинӣ мекунанд ва мегӯянд, ки мо таҷрибаи давлатдорӣ надорем, мехоҳам бигӯям, ки ба миллати бостонии мо, бо чунин ҳамсояҳое ба мисли Чини шукуфо, Қазоқистони дар ҳоли пешрафт ва Русияи аз назари иқтисодӣ қавӣ, ҳеҷ чизи ваҳшатнок иттифоқ нахоҳад афтод." Интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон, ки борҳо шоҳиди талотумҳои сиёсӣ шудааст, 20 октябри соли равон баргузор мешавад ва бештар аз 80 нафар довталаби номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG