Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳувайдо шудани нишонаҳои бӯҳрони башарӣ дар Троблус


Бино ба гузоришҳо, ба думболи суқути Муаммар Қаззофӣ-раҳбари Либия, дар пойтахт шаҳри Троблус нишонаҳо аз бӯҳрони башарӣ дар ин шаҳр ҳувайдо шудааст. Бар тибқи ин гузоришҳо, доруву даво, маводи сӯхт ва обу нерӯи барқ ба қадри кофӣ вуҷуд надорад ва тӯдаҳои партоб дар шаҳр бузургтар мешавад. Доир ба кашфи ҷасадҳои нав хабар мерасад, ки боқимонда аз ҷанг миёни шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аст. Аз ҷумла дар наздикии як қароргоҳи низомии Муаммар Қаззофӣ ҷасади 50 нафарро пайдо кардаанд. Нерӯҳои мухолиф, ки Қаззофиро тақрибан як ҳафта пеш сарнагун карданд, мегӯянд, дар сурати бенатиҷа анҷом ёфтани музокирот бо тарафдорони Қаззофӣ, ба зодгоҳи ӯ шаҳри Сирте, ҳамла мекунанд. Маълум нест, худи Қаззофӣ дар куҷост.
XS
SM
MD
LG