Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози давлати Покистон ба ҳамлаҳо аз Афғонистон


Покистон ба ҳамлаҳои маргбор, ки аз хоки Афғонистон ба нерӯҳои амниятии он кишвар шудааст, шадидан эътироз кард. Вазорати умури хориҷаи Покистон бо эҳзори кордори сафорати Афғонистон дар Исломобод, ёддошти эътирозиро ба ӯ супурдааст. Маъмурони амниятии Покистон мегӯянд, рӯзи шанбе садҳо ситезаҷӯ аз вилояти Нуристон ва Кунари Афғонистон ба посгоҳҳои ноҳияи Читрали Покистон ҳамла карда ва 25 сарбозу маъмури амниятиро куштанд. Аммо бино ба гузоришҳо, талафот бештар аст ва ба 35 нафар мерасад. Нерӯҳои Покистон мегӯянд, зимни набард 12 ситезаҷӯро куштанд.
XS
SM
MD
LG