Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯришиёни Либия хостори кӯмакҳои фаврии башарӣ шуданд


Мустафо Абдул Ҷалил, раҳбари шӯришиёни Либия, имрӯз хост ба шаҳри Троблус пойтахт кӯмакҳои фаврии башарӣ расонида шавад. Зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Бенғозӣ, ӯ гуфт, “тамоми муассисаҳои имдодиро ба Троблус даъват мекунем, ки ин шаҳр ба доруворӣ, маводи кӯмакҳои аввалия ва лозим барои ҷарроҳӣ мӯҳтоҷ аст”. Гузоришҳо аз шаҳри Троблус дар бораи даҳҳо ҷасад дар хиёбону шифохонаҳои шаҳр ҳикоят мекунанд, ки саҳнаи набард миёни шӯришиён ва нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ буд.” Пештар аз ин шӯришиён ба хотири бастани роҳҳои фирори Муаммар Қаззофӣ аз кишвар, посгоҳи марзии Раъс Ҷидир дар марз бо Тунисро ишғол кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG