Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама аз идомаи осеб ва пайомадҳои тӯфони шадид дар савоҳили шарқии кишвар ҳушдор дод.

Раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки "бо вуҷуди ба сӯи шимол ҳаракат кардан тӯфони "Айрин" хатарзо боқӣ мемонад ва боиси боронгариҳои шадид мешавад". Амрикоиҳои зиёде, ба гуфтаи ӯ, бидуни нерӯи барқ ва дар минтақаҳои аз обхезӣ осебдида хоҳанд монд.

Ба иттилои мақомоти ИМА, дар соҳилҳои шарқии кишвар бар асари харобкориҳои тӯфони “Айрин” севу ним миллион манзил аз нерӯи барқ маҳрум шудааст. Дар ин офати табиӣ 15 сокини аёлатҳои Каролинаи шимолӣ ва Вирҷиния ҷон бохтаанд. Дар аёлати Мэриленд реактори ҳастаӣ осеб дид ва аммо хабари хурӯҷи радиатсия мавҷуд нест.

Мири Ню-Йорк Майкл Блумберг изҳор намуд, ки хатари ҷиддӣ барои шаҳр рафъ гардид. Мақомоти тақрибан 350 ҳазор нафарро ба ҷойҳои амн интиқол доданд. То ҳанӯз дар Ню-Йорк фурудгоҳҳо кор намекунанд ва баъзе хиёбонҳои канори соҳил зери об мондаанд.

"Садҳо дарахт дар Каролинаи Шимолӣ аз реша барканда шуд, кӯчаҳои зиёд зери об монд ва хатҳои барқ гусаста гашт. Аммо ҳамзамон суръати ҳаракати тӯфон пас аз бархӯрд бо соҳил коҳиш ёфт."

Кетрин Брайан, намояндаи хадамоти изтирори ноҳияи Дейр дар Каролинаи Шимолӣ мегӯяд, “хушбахтона, дар ҳоли ҳозир хабаре аз талафоти ҷонӣ нарасидааст ва танҳо як шаҳрак бо 90 000 аҳолӣ аз нерӯи барқ маҳрум гаштааст.” Аммо ӯ ва дигар масъулон ҳарос доранд, ки вазъ дар ҳоли тағйир аст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида куллан ба 2 миллион нафар аз сокинони манотиқи шарқии кишвар дастур додаанд, ба хотири эмин мондан аз шадидтарин тӯфони 15 соли охири Амрико хонаҳояшонро тарк кунанд ва ба манотиқи амн бираванд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки пас аз хабарҳои марбут ба тӯфон истироҳати худро қатъ кард ва фаврӣ ба Вошингтон баргашт, шахсан аз сокинони кишвар хост, дастури тарки хонаҳояшонро ҷиддӣ бигиранд.

Дар масири тӯфон ба сурати умум 65 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва эҳтимол меравад, “Ирен” ба ин минтақа ба сурати умум 12 миллиард зиён хоҳад расонд. Дар бархе аз ин манотиқи Иёлоти Муттаҳида бори аввал чунин тӯфон рӯй медиҳад ва кӯчондани оммавии аҳолӣ ба ҷои амн низ нахустин бор амалӣ мегардад. Аз ҷумла дар шаҳри пуриздиҳоми Ню Йорк.

Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, дастур додааст, садҳо ҳазор нафар аз маҳалҳои осебпазири шаҳр ба таври иҷборӣ ба ҷойҳои амн кӯчонида шаванд. Блумберг инро “масъалаи ҳаёт ва мамот”-и шаҳрвандон номид.

Бо наздиктар шудани тӯфони Ирен, ки бо суръати 155 километр дар як соат ҳаракат мекунад, кори системаи нақлиётии Ню Йорк, метрову трамвай ва автобусҳо боздошта мешавад ва 250 ҳазор нафар амр гирифтаанд, ҳарчӣ зудтар ва то нимирӯзии шанбеи 27-уми август хонаҳои худро тарк кунанд.

Тамоми корхона ва муассисаҳо дар Ню Йорк аз нимирӯзии ҷумъа баста буда, ба кормандон дастур дода шудааст, ки омодаи кӯчидан бошанд. Як корманди шабакаи “Тим Уорнер” мегӯяд, ба онҳо амр шудааст, аснод, ғизои серӯза, либоси гарм ва чароғакҳои дастӣ дошта, омода ба кӯчидан бошанд.

Аз нимирӯзии шанбе ҳамаи фурудгоҳҳои Ню Йорк кори худро қатъ карданд ва барои хадамоти изтирорӣ ҳолати омодабош эълон шуда, 900 сарбози Горди миллии Амрико ва 2500 корманди бахши нерӯи барқ барои рафъи пайомадҳои тӯфон дар ихтиёри шаҳрдорӣ қарор ёфтанд.

Дар аёлати ҳамсоя ба Ню Йорк – Ню Ҷерсӣ ба 750 000 нафар дастур дода шуд, минтақаи Кейп Мейро тарк кунанд.

Ҳавошиносони Амрико мегӯянд, тӯфони “Ирен” пас аз бархӯрд бо Амрико ба самти Канада ҳаракат хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG