Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти тадобири амниятӣ дар Нигерия


Як рӯз баъд аз бомбгузории хунин дар қароргоҳи Созмони Милал дар пойтахти Нигерия, давлати ин кишвар тадобири амниятиро тақвият бахшидааст. Рӯзи ҷумъа бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар ин қароргоҳ дар шаҳри Абуҷа дасти кам 18 нафар кушта шуд. Дар хиёбонҳои шаҳр сарбозони мусаллаҳ гаштзанӣ ва мошинҳоро барои пайдо кардани террористони мазнун тафтиш мекунанд. Шӯрои Амнияти Созмони Милал бомбгузориро “ҷинояти зишт” хонд ва маҳкум кард. Масъулияти бомбгузориро Боко Ҳарам, бар дӯш гирифт, ки як ҷараёни ифротии ислом хонда мешавад ва алайҳи ҳукумати марказии Нигерия ҷанг эълом кардааст.
XS
SM
MD
LG