Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури давлати Амрико ба 2 миллион нафар


Мақомоти Амрико ба 2 миллион нафар аз сокинони манотиқи шарқии наздисоҳилӣ дастур додаанд, ба хотири эмин мондан аз тӯфони нерӯманд хонаҳояшонро тарк кунанд ва ба манотиқи амн бираванд. Тӯфони Ирен, ки бо суръати 150 километр дар соат ҳаракат мекунад, рӯзи шанбе ба аёлати соҳилии Каролинаи Шимолӣ расид ва интизор меравад, рӯзи якшанбе ба шаҳри Ню Йорк бирасад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико шахсан аз сокинони кишвар хост, дастури тарки хонаҳояшонро ҷиддӣ бигиранд. Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк дастур додааст, 300 ҳазор нафар аз маҳалҳои осепбазир дар баробари обхезӣ хонаҳояшонро тарк кунанд ва кори нақлиёти умумӣ боздошта шавад. Ширкатҳои ҳавопаймоии Амрико парвози бештар аз 6 ҳазор ҳавопайморо муттавақиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG