Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният бомбгузорӣ дар Нигерияро маҳкум кард


Шӯрои Амнияти Созмони Милал, бо нашри баёнияе, бомбгузорӣ дар қароргоҳҳои ин созмон дар шаҳри Абуҷа, пойтахти Нигерияро “ҷинояти зишт” хонд ва маҳкум кард. Дар ин бомбгузории рӯзи ҷумъа дасти кам 18 нафар ҷон доданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Боко Ҳарам, ки як равияи ифротгарои исломӣ дониста мешавад ва алайҳи ҳукумати марказии Нигерия ҷанг эълом кардааст, бар дӯш гирифт. Ба навиштаи хабаргузории Ассосиейтед Пресс, шояд ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ ба хориҷиён дар Нигерия бошад, ки нафти зиёд дорад. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал гуфт, дар ин қароргоҳҳо 26 кормандони ниҳодҳои имдодӣ ва рушди созмон ҳузур доштанд ва ҳангоми инфиҷор садҳо нафар дар онҷо кор мекарданд. Бан Кӣ Мун афзуд ин ҳамла монеъи кори ҳаётии Созмони Милал барои мардуми Нигерия ва бақияи ҷаҳон нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG