Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон 3700 зиндониро афв кардааст


Давлати Туркманистон имрӯз бо авфи 3700 маҳбус, аз ҷумла 30 хориҷӣ ҳамаи онҳоро аз зиндон раҳо кард. Зимни эъломи авфи умум аз тариқи телевизион раиси ҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, “мо дар Туркманистон пайваста шаҳрвандони худ ва хориҷиро, ки аз роҳи бад рафтаанд ва аз гуноҳи кардаи худ пушаймон шудаанд, авф мекунем.” Авфи умум дар Туркманистон ба муносибати Иди Рамазон сурат мегирад, таҷрибае, ки аз замони Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон мондааст. Дар Тоҷикистон ҳам ба муносибати 20-умин солгарди истиқлол, бештар аз 4 ҳазор нафар аз зиндон раҳо хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG