Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯришиён роҳҳои гурези Қаззофиро мебанданд


Шӯришиён дар Либия ба хотири бастани тамоми роҳҳои фирори Муаммар Қаззофӣ аз кишвар, посгоҳи марзии Раъс Ҷидир дар марз бо Тунисро ишғол кардаанд. Як мақоми расмии давлати Тунис гуфт, бо вуруди 100 шӯришӣ, нерӯҳои вафодор ба Қаззофӣ аз он посгоҳ фирор кардаанд. Айни замон Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори бозгашти фаврии назму субот дар Либия шуд: "Возеҳан чолишҳои пеши рӯ бисёр бузурганд. Ҷангҳо дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар идома дорад. Зарур аст, то ба муноқиша поён дода, назму субот барқарор карда шавад." Ба гуфтаи хабарнигорон, оромӣ ба баъзе аз бахшҳои Троблус баргаштааст, вале дар хиёбонҳову бемористонҳои шаҳр даҳҳо ҷасад мушоҳида мешавад, ки аз ҳарду тараф ҳам шӯришиён ва ҳам нерӯҳо вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ҳастанд. Шӯришиёни аввали ҳамин ҳафта, қароргоҳҳои Қаззофиро дар Троблус ишғол карданд. Бан Кӣ Мун гуфт, дар шаҳр норасоии обу маводи ғизоӣ ва доруву даво мушоҳида мешавад ва эҳтимолан ба системаи таъмини об дар Троблус хатари вайронӣ таҳдид мекунад. Бино ба гузоришҳо айни ҳол шӯришиён ва ҳавопаймоҳои НАТО ҳамлаҳоро дар шаҳри Сирте, зодгоҳи Қаззофӣ, ки такягоҳи охирини он маҳсуб мешавад, тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG