Пайвандҳои дастрасӣ

Ӯзбакистон фурӯши машрубот ба ҷавононро мамнӯъ мекунад


Порлумони Ӯзбакистон қонунеро тасвиб кард, ки бар асоси он фурӯши маҳсулоти спиртӣ ва тамоку ба ҷавонони то 20-сола мамнӯъ аст. “Қонун доир ба маҳдуд кардани фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти спиртӣ ва тамоку” рӯзи ҷумъа дар палатаи болоии Ӯзбакистон тасвиб шуд ва бар асоси он истеъмоли тамоку ва машрубот дар маконҳои умумӣ ва давлатӣ мамнӯъ шудааст. Қонуни мазкур баъди нашр дар расонаҳои давлатӣ ҳукми иҷро мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG