Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши маргбори ситезаҷӯён ба посгоҳҳои Покистон


Тундравон аз Афғонистон шоми ҷумъа бо юрише ба посгоҳҳои шибҳанизомиёнми Покистон дар Читрал, ноҳияе дар шимолуғарби он кишвар, се сарбозро кушта ва чаҳор тани дигарро захмӣ кардаанд. Маъмурони амниятии Покистон мегӯянд, ситезаҷӯёни саропо мусаллаҳ дар маҷмӯъ ба шаш посгоҳи шибҳанизомиён дар рустои Арандуи ҳаммарз бо вилояти Нуристони Афғонистон ҳамла кардаанд. Убуру мурури ситезаҷӯёни Толиб ва Ал-Қоида аз марзи Афғонистону Покистон боиси авҷ гирифтани таниш миёни ду кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG