Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори истиқрори фаврии назму субот дар Либия шуд


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хостори бозгашти фаврии назму субот дар Либия шуд, ки бо вуҷуди суқути режими Муаммар Қаззофӣ дар шаҳри Троблус, ҷангҳои пароканда дар гӯшаҳои он идома дорад:"Возеҳан чолишҳои пеши рӯ бисёр бузурганд. Ҷангҳо дар бисёре аз гӯшаҳои кишвар идома дорад. Зарур аст, то ба муноқиша поён дода, назму субот барқарор карда шавад." Айни замон ба гуфтаи хабарнигорон, оромӣ ба баъзе аз бахшҳои Троблус баргаштааст, вале дар хиёбонҳову бемористонҳои шаҳр даҳҳо ҷасад мушоҳида мешавад, ки аз ҳарду тараф ҳам шӯришиён ва ҳам нерӯҳо вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ҳастанд. Шӯришиёни аввали ҳамин ҳафта, қароргоҳҳои Қаззофиро дар Троблус ишғол карданд. Бан Кӣ Мун гуфт, дар шаҳр норасоии обу маводи ғизоӣ ва доруву даво мушоҳида мешавад ва эҳтимолан ба системаи таъмини об дар Троблус хатари вайронӣ таҳдид мекунад. Бино ба гузоришҳо айни ҳол шӯришиён ва ҳавопаймоҳои НАТО ҳамлаҳоро дар шаҳри Сирте, зодгоҳи Қаззофӣ, ки такягоҳи охирини он маҳсуб мешавад, тақвият додаанд.
XS
SM
MD
LG