Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди тӯфони харобиовари Ирен ба Ню Йорк


Аз бими бедодгарии тӯфоне саҳмгине, ки ба Ню Йорк наздик мешавад, Майкл Блумберг, шаҳрдори Ню Йорк, дастур додааст, садҳо ҳазор нафар ба ҷойҳои амн кӯч дода шаванд. Бо наздиктар шудани тӯфони Ирен, ки бо суръати 155 километр дар як соат ҳаракат мекунад, кори системаи нақлиётии Ню Йорк, метрову трамвай ва автобусҳо боздошта мешавад ва 250 ҳазор нафар амр гирифтаанд, ҳарчӣ зудтар ва то рӯзи шанбе хонаҳои худро тарк кунанд. Тӯфони Ирен рӯзи шанбе ба аёлати Каролинаи Шимолӣ ва сипас ба пойтахти Амрико, Вашингтон, Ню Йорк ва Бостон мерасад.
XS
SM
MD
LG