Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сафари Медведев ба Душанбе эълом шуд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия ҳафтаи оянда бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷа гуфтааст, дар ҷараёни ин сафар дар рӯзи 2 сентябр Дмитрий Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом хоҳад дод ва сипас дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ, ки қарор аст, рӯзи 3 сентябр баргузор шавад, ширкат хоҳад кард. Ба эҳтимоли ғолиб дар ҷараёни ин сафар, Тоҷикистону Русия, созишнома дар мавриди ҳузури гурӯҳи мушовирони марзбонии рус дар Тоҷикистон имзо шавад, ки ду тараф зимни баррасии тарҳи нави он ихтилофоти амиқи назар доштанд.
XS
SM
MD
LG