Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи “Сангтӯда-2” бо айби Узбакистон ба таъхир афтод


Макони бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2" дар рӯди Вахш.
Макони бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 2" дар рӯди Вахш.

Ин дар ҳолест, ки қарор буд, нерӯгоҳ ҳангоми сафари раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе ба кор шурӯъ кунад.

Бинокорони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2”, ки бо сармоягузории Эрон сохта мешавад, гуфтаанд, ин таъхир ба иллати боздошти таҷҳизоти он дар соли гузашта дар ҳудуди Узбакистон иттифоқ афтодааст.

Намояндаи ширкати эронии “Сангоб” ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфтааст, бар асари дер расидани масолеҳ ва таҷҳизоти нерӯгоҳ агрегати аввали он дар рӯзҳои сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон омодаи кор намешавад. Ин дар ҳолест, ки ифтитоҳи “Сангтӯда-2” яке аз ҳадафҳои сафари ҷаноби Аҳмадинажод дар рӯзҳои 4 ва 5-уми сентябр ба Тоҷикистон шумурда мешуд.

Бино бар ҷадвали замонии тасдиқшуда ширкати “Сангоб” мебоист, агрегати аввали нерӯгоҳро дар моҳи феврали соли 2012 ба кор меандохт. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз ширкат даъват карданд, иншооти аввали нерӯгоҳро то оғози мавсими сардиҳо дар соли 2011 ба кор андозанд. Ҳамчунин талош буд, ки ифтитоҳи “Сангтӯда-2” дар рӯзҳои ҷашни 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон баргузор шавад. Бо ин мақсад ширкати “Сангоб” суръати кор дар ин иншоотро ба маротиб афзун кард, аммо дар баҳор ва тирамоҳи соли гузашта даҳҳо вагон бо масолеҳ ва таҷҳизоти муҳими “Сангтӯда-2” чандин моҳ дар қаламрави Узбакистон боздошта шуданд. Танҳо дахолати ҳукумати Эрон ва таҳдиди он ки Теҳрон метавонад, айни чунин иқдомро дар қаламарави худ барои вагонҳои Узбакистон ҷорӣ кунад ва бору колои миёни Узбакистон ва кишварҳои арабу Туркияро боздорад, раҳбарони Тошкандро маҷбур сохт, ба гузашти вагонҳои марбут ба Тоҷикистон иҷоза диҳанд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров он вақт эълом дошт, ки иқдоми Узбакистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 1 миллиард доллар зарар ворид кард. Аз ночорӣ ва барои ҳифзи суръати сохтмони “Сангтӯда-2” мақомоти эронӣ тасмим гирифтанд, таҷҳизоти онро аз роҳи ҳавоӣ ба Тоҷикистон расонанд.

Вале таъхири чандмоҳа ба рафти сохтмон зарба зад ва ҳоло бинокорони нерӯгоҳ ва сарони ширкати “Сангоб” мегӯянд, талош доранд, ифтитоҳи агрегати якуми нерӯгоҳро тибқи нақшаи аввал, дар ибтидои соли 2012 имконпазир намоянд.

Нерӯгоҳ, ки дар рӯдхонаи Вахш бунёд шудааст, аз ду агрегати 110-Мегаваттӣ иборат хоҳад буд ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод. Ин нахустин тарҳи бузурги энержӣ байни ду кишвар буда, саҳми Тоҷикистон дар он 40 ва Эрон 180 миллион доллар мебошад. Пас аз 12,5 соли истифодаи муштарак нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон дода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG