Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи қурбониёни инфиҷори Нигерия ба 16 нафар расид


Кӯмаки оташнишонҳо дар Абуҷа

Кӯмаки оташнишонҳо дар Абуҷа

Салиби Сурхи Нигерия мегӯяд, дар инфиҷоре дар намояндагии СММ дар ин кишвар дастикам 16 нафар кушта шудаанд. Як корманди ин созмон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки онҳо 16 ҷасадро сабти ном ва дар шифохона ба 11 маҷрӯҳ кӯмак кардаанд. Ин манбаъ мефзояд, шояд шумораи кушташудагон бештар бошад, зеро то расидани кормандони Салиби Сурх ба маҳал ҷасади чанд нафарро аз ҷои ҳодиса берун бурда буданд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, як мошини борбар, ки бо маводи мунфаҷира пур шуда буд, ба девори бино бархӯрдааст. Бахше аз бино, ки дар он кормандони СММ мезистанд, хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG