Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

У.Усмонов:"Таҳти фишори додситонӣ баёнот навиштам"


Малоҳат Абдуазимова, Файзиннисо Воҳидова, Урунбой Усмонов ва Абдуқаюм Юсуфӣ
Малоҳат Абдуазимова, Файзиннисо Воҳидова, Урунбой Усмонов ва Абдуқаюм Юсуфӣ

Маъмурони амниятии Суғд гуфтанд, ки Урунбой Усмоновро ба даст кашидан аз вакили дифоъ маҷбур накардаанд.

Вакилони мудофеи Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯянд, дар рӯзи чаҳоруми муҳокимаи парвандаи ӯ дар Додгоҳи вилояти Суғд ягон далели тасдиқкунандаи айбдории нафари таҳти ҳимояташон баён нашудааст.

Баръакс, Хуршед Досов, сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар мурофиа гуфт, ки маъмурони амниятӣ дар масъалаи таъмин намудани Урунбой Усмонов ба вакили дифоъ ба хатоӣ роҳ додаанд. Аммо ӯ афзуд, мақомоти тафтишот Усмоновро ба даст кашидан аз вакили дифоъ маҷбур накарда буданд.

Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 26-уми август Хуршед Досов ва ҳамчунин Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмоновро ба унвони шоҳид бозпурсӣ кард.

Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеи Усмонов пас аз анҷоми мурофиа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чаҳоруми муҳокима рӯшан кард, ки далелҳо барои айбдор кардани Усмонов бо роҳи ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳангоми таҳияи онҳо аз тартиб ва талаботи қонуни мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон сарфи назар карда шуда, бино ба ҳарфи қонун далел шумурда намешаванд.

Хонум Воҳидова афзуд: "Гузаронидани амалиёти тафтишотӣ ва тартиб додани протоколи боздид ё кофтуков низ танҳо бар дӯши муфаттиш вогузор шудааст. Аммо мо имрӯз дар ҷараёни мурофиа муқаррар намудем, ки чунин амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби ваколатдори фаврӣ тартиб дода шудааст, ки ҳуқуқи гузаронидани чунин амалиёти тафтишотиро надошт."

Дар ҷараёни бозпурсӣ Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари Урунбой Усмонов, гуфт, то 9 рӯзи аввали боздошти шавҳараш мақомот иҷозаи дидор бо ӯро надоданд. Хонум Абдуазимова мегӯяд, эҳтимол, ба он хотир ки асари латукӯб дар бадани Усмонов аз байн биравад.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ Назирҷон Абдураҳимов мавриди шиканҷаву латукӯб қарор гирифтани Усмоновро рад кард ва гуфт, дар ин бора Усмонов рӯзи 14-уми июл, пас аз озодии машруташ дар додситонӣ баёнот додааст. Дар ин баёнот гуфта шудааст, ки ӯ мавриди ҳеҷ гуна рафтори бад қарор наёфтааст.

Худи Усмонов гуфт, баёнотро таҳти фишори додситонӣ ба хотири зуд озод шудан иншо кардааст. Аммо вакилони мудофеи Усмонов гуфтанд, ки қонун забонхатти айбдоршавандаро далели додгоҳӣ намешумора ва биноан он эътибор надорад.
XS
SM
MD
LG