Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол Тоҷикистонро бидуни қаламрави Узбакистон ба ҷаҳони берун мепайвандад.

Агар тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Чин биравед, роҳи Шумо дар муқоиса бо роҳи Бадахшон ҳудуди 400 километр кӯтоҳтар мешавад. Меъёри аҳамияти роҳ ба масофаву вақт марбут аст ва аз ин лиҳоз шоҳроҳи Душанбе - Рашт - Ҷиргатол то марзи Қирғизистон, ки баъд аз таъмири ҷиддӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор
Дар ҳоле ки Узбакистон тайи як даҳсола мешавад, ки роҳҳои мошингарди худро ба руи Тоҷикистон бастааст шоҳроҳи мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бидуни қаламрави Узбакистон ба ҷаҳони берун роҳ ёбад...
гирифт, муфид будааст.

Дар расми ифтитоҳи ин роҳ раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи як сафари расмӣ дар навоҳии шарқи кишвар буд, ширкат кард. Худоёр Худоёров, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала гуфт: "Дарозии ин роҳ аз ҷодае, ки мо тариқи Кулма-Қароқурум то Чин кушодем, зиёда аз 400 километр наздиктар аст ва ин, албатта, ба нафъи ронанда аст, ба суди тоҷиру тиҷорат ба фоидаи сармоя ва ба сурати умум ба суди ҷомеа мебошад."

Ба қавли ҷаноби Худоёров, агар тавассути ин роҳ ба Қирғизистон ва аз он ҷо ба Қазоқистон ва аз ин кишвар ба Русия ҳаракат кунед аз дигар роҳҳое, ки Тоҷикистонро ба Русия мепайвандад, ин ҷода наздиктар хоҳад буд. Муҳимтар ин ки шоҳроҳи мазкур тамоми сол боз боқӣ монда бино бар меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.





Дар ҳоле ки Узбакистон тайи як даҳсола мешавад, роҳҳои мошингарди худро ба рӯйи Тоҷикистон бастааст, шоҳроҳи мазкур имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бидуни қаламрави Узбакистон ба ҷаҳони берун роҳ ёбад.

Абдулғанӣ Маҳмадазимов раиси Анҷумани милии сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо пуштибонии молии Чин, дар назар аст, ки хатти роҳи оҳан дар канори ин ҷода сохта шавад, ки Чину Тоҷикистону Қирғизистону Афғонистонро бо Эрон пайваст кунад: "Ҳоло марҳилаи дигари муҳимтари ин сохтмон марбут аст ба роҳи оҳани Кошғар-Олой-Ҷиргатол-Душанбе-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад хоҳад буд, ки дар ҳамин масир сохта мешавад. Азбаски системаи роҳ оҳани Чину Эрон ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб медиҳад, ин роҳи оҳан Тоҷикистонро ба як кишвари чорсӯӣ, яъне тронзитӣ табдил хоҳад дод."

Ба гуфтаи Абдулғанӣ Маҳмадазимов тайи ду сол аст, ки ҷиҳати оғози сохтмони роҳи оҳан миёни Чину Тоҷикистону Қирғизистон, Афғонистону Эрон сӯҳбатҳо идома дорад ва дар назар аст, ки Чин дар ивази яке аз конҳои муҳими Тоҷикистон, ба сохтмони хатти оҳани 400-километрие, ки аз қаламрави ин кишвар мегузарад, шурӯъ кунад.

Ҷодаҳои ёдшуда барои Тоҷикистон, ки тайи як даҳсола тақрибан дар бунбасти нақлиётӣ қарор дорад, муҳим хоҳад буд. Сохтмону тармими роҳи Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - Саритош, ки 350 километр тӯл дорад, ҳанӯз шаш сол қабл дар соли 2005 бо 177 миллион доллар сармояи Бонки Осиёии Рушд оғоз ёфта, инак, дар остонаи 20-умин солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон ба поён расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG