Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба бункери Муаммар Қаззофӣ зарбаи ҳавоӣ мезананд


Вазорати дифои Британия рӯзи ҷумъа гуфт, ки ҳавопаймоҳои Бритнаия ба бункери Муаммар Қаззофӣ дар зодгоҳаш дар Сиртеи Либия мушакҳои ҳидоятшавандаи дақиқ партоб кардаанд. Рӯзи сешанбе вақте, ки шӯришиёни Либия ба Троблус-пойтахти ин кишвар даромаданд, Муаммар Қаззофӣ бедарак шуд ва ҳоло ҷои иқомати вай маълум нест. Нируҳои шӯришиён дар ҷустуҷӯи Қаззофӣ ва пайравони вай мебошанд ва мегӯянд, ки онҳо дар ҳоли пешравӣ ба сӯи Сирте ҳастанд. Вале онҳо дар шарқи ин шаҳр ба муқовумати шадид рӯ ба рӯ шудаанд. Дар шаҳри Троблус низ гаҳ-гоҳе садои тирандозӣ ба гӯш мерасад.
XS
SM
MD
LG