Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар дафтари СММ дар Нигерия, куштаҳо ҳастанд


Кӯмакҳо баъд аз инфиҷор

Кӯмакҳо баъд аз инфиҷор

Дар инфиҷоре дар намояндагии СММ дар Абуҷа-пойтахти Нигерия шумораи номаълуми афрод кушта шудаанд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки як мошини борбари пур аз маводи мунфаҷира худро ба бино задааст. Қисмате аз бино, ки дар он кормандони СММ зиндагӣ мекунанд, хароб шудааст. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, онҳо шуморе аз афроди кушташударо дидаанд, ки аз маҳали ҳодиса берун меоварданд. Бими он меравад, ки шумори дигаре аз афрод зери деворҳои харобшуда монда бошанд. То ҳол масъулияти ин ҳодисаро касе бар ӯҳда нагирифтааст. Дар Нигерия чанд гурӯҳи тундрави исломӣ фаъолият мекунанд ва Боко Ҳарам аз ҷумлаи онҳост. Гурӯҳи ал Қоидаи Африқои Шимолӣ низ дар Нигерия фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG