Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ғайринизомиён дар ҳамлаи ҳавоии Лугар


Мақомоти расмии вилояти Лугари Афғонистон мегӯянд, шаби гузашта дар ҳамлаи ҳавоии нируҳои эътилоф 6 нафар сокинон кушта шудаанд. Ғулом Сахӣ Роғ Левонӣ-раиси полиси Лугар гуфт, ҳадафи ин амалиёт фармондеҳи Толибон будааст. Ба гуфтаи раиси полиси Лугар, 4 нафар Толибон кушта шудаанд, вале шаш нафар аз аъзои як хонавода низ ба қатл расидаанд. Сухангӯи нируҳои байналмиллаии кӯмаки амниятӣ ё АЙСАФ гуфтааст, вай куштори чанд шӯриширо таъйид мекунад, вале дар миёни кушташудагон ғайришӯришиён, яъне сокинон набудаанд. Сухангӯи АЙСАФ афзудааст, онҳо ба ин ҳодиса расидагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG