Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Абхозистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад


Райдиҳӣ дар Сухумӣ-маркази Абхозистон
Райдиҳӣ дар Сухумӣ-маркази Абхозистон
Дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон райдиҳӣ барои интихоби раиси ҷумҳури нав идома дорад. Дар ин интихобот мардум ба ҷои Сергей Багапш-раиси ҷумҳури пешин, ки моҳи май аз саратони шуш даргузашт, раиси ҷумҳури нав интихоб мекунанд. Дар он се номзад Сергей Шамба-нахуствазир, Александр Анкваб-муовини раиси ҷумҳур ва Раул Хаҷимба-номзади мухолифон барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мекунанд. Баъд аз ҷанги мухтасари миёни Русияву Гурҷистон дар моҳи августи соли 2008 Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ худро мустақил эълон карданд ва то ҳол ба ҷуз аз Русия ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро Венесуела, Никарагуа ва Науру ба расмият шинохтаанд.
XS
SM
MD
LG