Пайвандҳои дастрасӣ

ШМГ Либия аз Бенғозӣ ба Троблус мекӯчад


Шӯришиён дар Троблус

Шӯришиён дар Троблус

Як нафар аз мақомоти Шӯрои Миллии Гузори Либия эълон кард, ки ин шӯро ба таври фаврӣ ба Троблус интиқол меёбад, то раҳбарии Либияро аз он ҷо пеш барад. Дар ин бора Алӣ Тарҳунӣ-вазири молияи Шӯрои Миллии Гузор хабар додааст. Тарҳунӣ гуфт, шӯро ба нақша гирифтааст, ки аз Бенғозӣ-маркази мухолифон ҳар чӣ зудтар ба Троблус интиқол ёбад. Чаҳор рӯз пеш мухолифон Троблусро ба назорати худ дароварданд ва Муаммар Қаззофиро маҷбур ба паноҳҷӯӣ карданд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико эъломияе мунташир ва дар он гуфтааст, ки рӯзҳои оянда барои Либия рӯзҳои “сарнавиштсоз” хоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG