Пайвандҳои дастрасӣ

Бозкушоии роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Субҳи имрӯз бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, ки Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳам пайванд медиҳад, бозкушоӣ шуд. Сохтмони ин роҳ, ки 350 клометр тӯл дорад, ҳанӯз соли 2005 оғоз ёфта ва барои он 177 миллион доллар сармояи Бонки Осиёии Рушд масраф шудааст. Ин роҳ дар ҳоле мавриди истифода қарор мегирад, ки раисиҷумҳур бо сафари якрӯза ба водии Рашт рафтааст. Сафари якрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон нахустин боздиди ӯ аз ин водӣ дар пайи нооромиҳоест, ки шарқи Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта рӯбарӯ шуд. Мақомоти амниятиву низомии Тоҷикистон тайи қариб 8 моҳ дар водии Рашт саргарми амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ буданд, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ дар моҳи январ ва қатли Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрел хотима ёфт. Душанбе ба хотири рафъи хатари ин гурӯҳҳо маҷбур шуд, бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа - Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов – вориди муомила шуда, ҳатто Искандаровро муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин кард.
XS
SM
MD
LG