Пайвандҳои дастрасӣ

Amnesty ҳарду ҷониби ҷанги Либияро айбдор кард


Созмони Афви байналмилалӣ гуфт, ҳарду ҷониби ҷанги Либия – ҳам нирӯҳои Муаммар Қаззофӣ ва ҳам чирикиҳо – нисбат ба маҳбусон бадрафторӣ мекунанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ, мақараш дар Лондон, мегӯяд, муҳаққиқонаш дар Либия шавоҳиди таҷовуз ба номуси маҳбусони наврас аз сӯи нирӯҳои Қаззофӣ дар зиндони Абӯсалими Троблусро пайдо кардаанд. Amnesty ҳамчунин шавоҳиде ба даст оварда, ки мегӯяд, чирикиҳо нисбат ба кӯдакон бадрафторӣ карда, ҳудуди 125 нафарро дар як шароити тоқатфарсо дар зиндони пуриздиҳоми Зовия нигоҳ медоранд. Ин созмон аз ҳарду ҷониб даъват кардааст, аз шиканҷа ва анвоъи дигари бадрафторӣ парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG