Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози Ироқ ба ҳамлаҳои ҳавоии Туркия


Ҳушёр Зиборӣ

Ҳушёр Зиборӣ

Ироқ сафири Туркия дар Бағдодро ба ҳузур хонда, қатъи билофосилаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дар ҳошияи марзҳои шимолиашро талаб кардааст. Вазири хориҷаи Ироқ Ҳушёр Зиборӣ гуфт, ба сафири Туркия дар робита ба ин ҳамлаҳо ёддошти эътирозӣ супурдаанд. Туркия дар ҳафтаи гузашта дар посух ба афзоиши мизони ҳамлаҳои чирикиҳои ҷудоиталаби курд болои пойгоҳҳои онҳо дар шимоли Ироқ як силсила ҳамлаҳо анҷом дод. Низомиҳои Туркия мегӯянд, дар натиҷаи ин ҳамалот то 100 чирикӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG