Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди Путин аз сифати маҳсулоти Роскосмос


Сарвазири Русия Владимир Путин ба Роскосмоc амр дод, ки сифати киштиҳои кайҳониро “ҷиддан” беҳтар кунад. Сухангӯи ӯ Дмитрий Песков гуфт, “Путин ба Роскосмос ҷиҳати ҷиддан беҳтар кардани сифати назорати тавлидоташ амр додааст.” Ин дастур як рӯз баъд аз суқути киштии кайҳонии “Прогресс” дар роҳи парвоз ба Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ содир шуд. Дирӯз низ ҷустуҷӯи бозмондаҳои ин киштии боркаш идома дошт. “Прогресс”, ки рӯзи чоршанбе аз Байконур ба парвоз хест, ба мадор норасида, суқут кард.
XS
SM
MD
LG