Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми Шӯрои миллии гузор гуфт, ин ниҳоди олии чирикиҳои Либия билофосила ба раҳбарии кишвар аз Троблус хоҳад пардохт. Алӣ Тарҳунӣ, вазири молия дар Шӯрои гузор гуфт, ин ниҳод қасд дорад аз пойгоҳаш дар Бенғозӣ фавран ба Троблус бикӯчад. Ин дар ҳолест, ки мухолифони режими Муаммар Қаззофӣ 4 рӯз боз талош доранд, назорати худ бар пойтахти Либияро таҳким бахшанд. Куҷо будани Қаззофӣ аммо маълум нест.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи мақомот, Амрико ва Африқои ҷанубӣ ҷиҳати боз кардани 1,5 миллиард доллар маблағҳои мунҷамидшудаи Либия тавофуқ кардаанд. Ин пулҳо, ки дар бонкҳои Амрико дар чаҳорчӯби таҳримоти алайҳи режими Қаззофӣ мунҷамид шуда буд, бояд акнун барои ёриҳои башарӣ ва дигар ниёзмандиҳои мардум масраф шавад.
XS
SM
MD
LG