Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маъюби ҷанги Тавилдара соҳиби хона шуд


Мақомоти шаҳри Конибодом ба як сарбози собиқ, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тавилдара захмӣ шуда буд, манзили дуҳуҷрагӣ додаанд. Комил Додоҷонов моҳи декабри соли 1996 аз сутунмӯҳрааш тир хӯрда, маълули гурӯҳи дуввум шуда буд. Ӯ баъди 15 сол бо кумаки “Ампаро”- Иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавон - ҳаққи худро аз мақомот талаб кард. Дилбар Самадова, намояндаи “Ампаро” гуфт, масъалаи таъмини нафақаи ӯ низ бо вазорати дифоъ баррасӣ мешавад. Ӯ афзуд, ин аз нахустин мавридҳои расидагӣ ба ҳуқуқи афродест, ки ҳангоми адои хидмат дар артиши Тоҷикистон маъюб шудаанд.
XS
SM
MD
LG