Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус дар Душанбе донишгоҳ боз хоҳад кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Зимни сафари расмии раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ба Тоҷикистон дар моҳи октябр, қарор аст, байни Душанбеву Минск 12 санади ҳамкорӣ имзо шавад. Манобеъи хабаргузории “Азия Плюс” гуфтаанд, аз ҷумла дар мавзӯъи ифтитоҳи бахши Донишгоҳи миллии фаннии Беларус дар Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст. Дар ин мактаби олӣ мутахассисони риштаи энержиро тарбия хоҳанд кард.
Феълан дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 50 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. 25 тани онҳо муҳассили коллеҷи ҳавопаймоии Минск будаанд.
XS
SM
MD
LG