Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон имрӯз ба водии Рашт сафар мекунад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи силсилаи сафарҳояш ба вилоёти кишвар имрӯз ба водии Рашт меравад. Сафари якрӯзаи Эмомалӣ Раҳмон нахустин боздиди ӯ аз ин водӣ дар пайи нооромиҳоест, ки шарқи Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта рӯбарӯ шуд. Мақомоти амниятиву низомии Тоҷикистон тайи қариб 8 моҳ дар водии Рашт саргарми амалиёти густарда алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ буданд, ки бо кушта шудани Алии Бедакӣ дар моҳи январ ва қатли Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрел хотима ёфт. Душанбе ба хотири рафъи хатари ин гурӯҳҳо маҷбур шуд, бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақа – Шоҳ Искандаров ва Мирзохӯҷа Аҳмадов – вориди муомила шуда, ҳатто Искандаровро муовини раиси идораи умури дохилаи водии Рашт таъйин кард.
XS
SM
MD
LG